Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти докторантони Ph.D мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ташкили дурусти низоми таълиму тарбияи докторантони Ph.D президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо докторантони Ph.D ва роҳбарони илмии онҳо вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо иттилоъ медиҳад.
Президенти Академия дар робита ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва татбиқи талаботи якчанд санади меъёрию ҳуқуқӣ дар самти илму таълим ва тарбияи ватандӯстӣ сухан намуда, саҳми муҳаққиқонро дар татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳим арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои низоми таҳсил, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти академия ва институтҳои соҳавӣ, сари вақт анҷом додани корҳои илмӣ, ҳамзамон такмил додани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва амсоли ин баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои интизоми меҳнат аз ҷониби докторантон, мавҷуд будани нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, матни лексия, нақшаи инфиродии докторант, ҳамчунин ҷадвалҳои дарсии докторантони курси 1-ум, навиштани мақолаҳои илмӣ, сари вақт ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ, иштирок дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва пешниҳоди ҳисоботи мукаммал, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва озмунҳои байналмилалию олимпиадаҳо баррасӣ шуданд.
Инчунин пешбурди корҳои идеологӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма, табодули таҷриба дар доираи ҳамкории Академия, навиштани лоиҳаҳои инноватсионӣ, илмӣ, ихтироъкорӣ, дарёфти грантҳо, васеъ намудани фаъолияти озмоишгоҳҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили русию англисӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






