Дар Бадахшон ҷашни Садаро бо риояи расму русуми ниёгон таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо риояи расму русуми ниёгон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Ҳайати меҳмонон бо намоишгоҳи масҳулоти кишоварзии вилоят шинос шуда, барои меҳнати содиқона ба масъули баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки халқи тоҷик дорои таърих ва фарҳанги кӯҳан буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодӣ арҷ мегузорад ва имрӯз барои эҳёю ғановатманд гардондани онҳо ва густариш пайдо намудани маросиму ҷашнҳои бостонӣ саъю талош менамояд. Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонӣ мебошад ва дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид.
Тазаккур дода шуд, ки моҳиятан ҷашни Сада пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ буда, мардум онро бо табрики ҳамдигар, баргузории рақсу суруд, афрӯхтани гулханҳои бузург ва дигар расму русуми нек таҷлил менамоянд.



«Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рушноӣ ва гармию корҳои дигари хайр буда, дар ин бобат, дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо амалӣ намудани ин одатҳо, аз ҷумла афрӯхтани оташ, фасли баҳор ва гармию рушноиро даъват менамуданд», — иброз гардид дар чорабинӣ.
Дар чорабинӣ шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаи роҳбарияти вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон барои мудирони бахши кишоварзии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа 1 адад мотосикл, дорупошак, либоси махсус, дору бар зидди ҳашароти зараррасон, қимакунаки алаф ва дигар техникаи лозима тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон























Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






