Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони гумрук ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2024/АМИТ «Ховар»/. «Нақши мақомоти гумрук дар амалисозии Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Ҷамъомади мазкур ба Рӯзи кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон, ки 22 январ эълон гардидааст, бахшида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Донишгоҳ.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин донишҷӯёни ихтисосҳои фаъолияти гумрукӣ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Исломбек Зоирзода гуфт, ки мақомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсӣ 22 январи соли 1992 таъсис дода шудааст. Маҳз, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети мамлакат табдил ёфт.
Таъкид шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар раванди омода намудани кадрҳои соҳаи гумрук нақши назаррас дорад ва дар амалисозии Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ дар ин самт саҳми худро мегузорад.
Ҳамзамон, ҳамасола тариқи озмунҳо ба сафи кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастани хатмкунандагони Донишгоҳ, гувоҳи соҳибкасб ва баландмалака будани дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






