Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мавзуи «Паём- роҳнамои ҳаёти босаодати миллат» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Дар ҷамъомад нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷанбаҳои ҳаётан муҳими он ба ҳозирин ташреҳ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масоили муҳим ва зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Сарвари давлат оид ба масъалаи рушди иқтисодӣ, баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тараққӣ додани иқтисоди «сабз», истифодаи энергияи «сабз», технологияҳои муосир дар истеҳсолот, захираҳои сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, баланд бардоштани музди маош, баланд бардоштани сифати таълим, додани имтиёзҳо ба ҷомеа сухан намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Таъкид гардид, ки воқеан ҳам дар Паём аҳамияти ҷиддӣ ба соҳаҳои маориф, иқтисодиёт ва рушди ҷомеа, махсусан сармояи инсонӣ дода шуд, ки ин ба фардои дурахшон ва ҳаёти босаодати миллат равона шудааст.
Дар ҳамоиш масоили муҳиму зарурӣ, аз қабили баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкорию металлургия, омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, вусъат бахшидани кори факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби ҷомеа ба корҳои созандагиву ободонӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи забону фарҳанг, афзун намудани музди маош ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон










Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






