Дар Душанбе масъалаи омӯзиши забонҳои тоҷикиву кореягӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода бо мудири бахши магистратура ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Ҳонг Вансок — котиби Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И Сунгу ва донишҷӯи бахши магистратураи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Пак Ёнгҷэ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Зимни суҳбат масоили ҳамкории минбаъда, татбиқи созишномаҳои дуҷониба ва омӯзиши забонҳои тоҷикию куриёӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ перомуни сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва робитаҳои дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ибрози назар намуда, вобаста ба вазъ ва усули омодакунии мутахассисон дар шуъбаи забони кореягии Донишгоҳ маълумот манзур намуд.
Ҳонг Вансок ва ҳамроҳонаш бо синфхонаҳои Маркази забономӯзии Шоҳ Сеҷонг ва шароити таҳсил дар ихтисоси забони кореягӣ шинос шуда, ба вазъи омӯзиши ин забон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






