Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Осорхонаи миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, намояндагони вазорату ниҳодҳои марбутаи мамлакат ва гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Муҳаммадҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.
Дар намоиш асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2023 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба тамошо гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки соли 2023 озмун аз рӯйи 5 номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардиданд. Дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ иштирок намуданд.
Тибқи низомнома, асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли 2023 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн ғолиб дониста шудаанд, ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон











«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






