Дар Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон муассисаҳои санаториву курортӣ фаъолият доранд

Январь 2, 2024 09:27

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти дастрасгардида, дар маҷмуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 муассисаи санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд, ки аз инҳо 4 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 9 адад дар вилояти Хатлон, 18 адад дар вилояти Суғд ва 7 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди ҳам истироҳатӣ ва ҳам табобатӣ доранд. Дар робита ба ин АМИТ «Ховар» тасмим гирифт бо истинод ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба фаъолияти ин муассисаҳои санаториву курортӣ маълумот пешниҳод намояд.

Яке аз чунин осоишгоҳҳо — ин «Гармчашма» мебошад. Гармобаи шифобахши «Гармчашма» дар масофаи 48 километр аз шаҳри Хоруғ ва 73 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр дар дараи хушманзараи маҳаллаи миёнакӯҳ воқеъ мебошад. Ин осоишгоҳ дар фасли зимистон фаъолият надорад. Аммо «Гармчашма» хусусияти табобатӣ дошта, касалиҳои дил ва рагҳои хунгард, касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, касалиҳои системаи асаб ва касалиҳои узвҳои занонаро шифо мебахшад.

Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии осоишгоҳи «Гармчашма» пурра ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Ҳамзамон дар ноҳияи Ишкошим осоишгоҳи «Ямчун» (Бибӣ Фотимаи Заҳро) воқеъ аст, ки дорои биноҳои якошёна ва коттеҷҳои ба замони муосир ҷавобгӯ буда, 1,3 гектар масоҳат дорад. Он дар масофаи 178 километр аз шаҳри Хоруғ дар баландии 3300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Ин осоишгоҳ низ хусусияти шифобахшӣ дорад.

Инчунин дар километри 25-уми самти ҷануби ноҳияи Ишкошим шифохонаи «Авҷ» ҷойгир аст, ки аз соли 1972 фаъолият менамояд. Дар он дар мавсими табобатӣ, ки аз моҳи апрел шуруъ мешавад, ба истироҳаткунандагон ва сайёҳон хизмат расонида мешавад. Сайёҳони хориҷие, ки аз ин мавзеъҳо («Гармчашма», «Ямчун», чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро) мегузаранд, дар ин чашмаҳои оби гарм оббозӣ менамоянд.

Осоишгоҳи дигар- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи осоишгоҳи «Баҳористон» аст, ки имрӯзҳо байни сайёҳону меҳмонони ҷумҳурӣ ва берун аз он хеле маъмулу машҳур буда, дар шимоли Тоҷикистон, дар соҳили Баҳри тоҷик- дар шаҳри Гулистон воқеъ мебошад.

Осоишгоҳ дар масоҳати 22 гектар ҷойгир буда, аз корпусҳои табобатӣ, ҳавзҳои дохилӣ ва берунӣ барои оббозӣ ва истироҳатгоҳи соҳилӣ, 5 корпус барои хоб, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, дискоклуб, боулинг, интернетклуб, СПА комплекс, майдончаи кӯдакона, толори синамои 3D, маркази косметологӣ ва чойхонаи миллӣ иборат мебошад.

Осоишгоҳи «Баҳористон» дорои шароити хуби табобатӣ ва ҳуҷраҳои бароҳат барои истироҳату фароғат муҳайё мебошад.

Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии истироҳатгоҳи ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» хуб буда, дар он тамоми фасли сол ба сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида мешавад.

Дар мавриди дигар муассисаҳои санаториву курортии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Январь 2, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд