Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи мусоидат ба таҳкими робитаҳои иттилоотӣ муҳокима гардид.
Дар мулоқот рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи иттилоот, хусусан ҳамкории агентиҳои иттилоотии давлатии Тоҷикистон ва Туркия, инчунин масъалаи ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва Агентии Туркия «Anadolu Ajansı» («АА»), инчунин ҷалби кормандони АМИТ «Ховар» барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ баррасӣ гардид.
Доир ба муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва имконияти сайёҳии он дар васоити ахбори оммаи Туркия таклифу пешниҳодҳои судманд карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






