IRS: Таъсири автомобилҳои тамғаи «Мерседес спринтер» дар муқоиса ба автомобиле, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба маротиб бештар аст

Январь 15, 2024 17:39

ДУШАНБЕ, 15.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии роҳи Душанбе –Чанок  мунтазам рух дода, сол то сол тамоюли афзоиш касб менамояд. Дар муддати 15 сол зиёда аз 2,3 миллион метри мураббаъ роҳи Душанбе – Чанок таъмиру навсозӣ гардида, бо ин мақсад  қариб 300 ҳазор тонна асфалт сарф шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани аз меъёр зиёд бор гирифтани воситаҳои нақлиёт филиали ширкат пайваста тадбир меандешад ва дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуданд. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд.

Имрӯз аксар маврид аз «саҳм»-и фура ва автомобилҳои гаронвазни боркаш дар вайроншавии роҳҳо сухан мегӯянд. Бегуфтугӯ, сарфи назар шудани талаботи мавҷуда аз ҷониби ронандагони ин намуди нақлиёт далели бебаҳс аст. Вале солҳои охир ба ин раванд мушкилии ҷиддии дигар зам шудааст.

Манзури мо  истифодаи васеи автомобилҳои тамғаи «Мерседес спринтер» мебошад. Мутахассисон собит намудаанд, ки таъсири харобиовари «Мерседес спринтер»-е, ки «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд»-ро риоя наменамояд, ба асфалт дар қиёс ба автомобиле, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба маротиб бештар   аст.

Моҳиятан бознигарии категория ва танзими ҳаракати «Мерседес спринтер»-ҳо  усули таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи  роҳбарияти «IRS»  ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ (бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт) аст.  Ин иқдом ба иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» марбут буда, риояи муқаррароти қоидаҳои гуфташуда аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2024 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд