Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро 1686 нафар бо ихтисосҳои гуногуни коргарӣ хатм намуданд

Январь 5, 2024 09:16

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлобро соли 2023  1686 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни коргарӣ аз рӯйи се самт ва 17 ихтисос барои касбомӯзӣ хатм намуданд, ки аз инҳо 737 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Тавре муовини директори марказ Бахтиёр Нурматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар марказ бештар занону мардоне, ки умуман шуғл надоранд, новобаста аз синн ба шуғл фаро гирифта мешаванд.

Муассиса аз соли 2008 фаъолият намуда, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддии он хеле тақвият ёфт.

Дар марказ ба занону духтарони бешуғл аз шаҳру минтақаи Кӯлоб ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, чакандӯзӣ ва бофандагӣ омӯзонида мешаванд.

Ҷавононе, ки марказро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ  гардида, аз рӯйи касбҳои омӯхтаашон дар дилхоҳ ҷой ба кор қабул мешаванд.

Марказ фаъолияташро аз рӯйи се самт: Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои мардону занони бекор, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва худмаблағгузорӣ амалӣ менамояд.

АКС: АМИТ«Ховар»

Январь 5, 2024 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд