Ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар бунёди пулҳо дар Тоҷикистон кумаки машваратӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасонии машваратӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Кореяи Ҷанубӣ «ISAN Corporation» шартнома ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори филиали «ISAN Corporation» дар шаҳри Алмато Ҷонг Хидэ ба имзо расониданд.
Мақсади асосии шартнома- омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва нақшаҳои муфассали корӣ, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва воситаҳои экологию иҷтимоӣ барои бунёди ду пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ду пул дар ноҳияи Восеъ мебошад.
Ду пули асосӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Рӯдакӣ» болои дарёи Кофарниҳон дар километри 9+800 ва болои дарёи Элок дар километри 11+000 сохта мешаванд. Ду пули дигар дар шоҳроҳи «Душанбе-Қулма» болои дарёи Қизилсу дар километри 158+00 ва болои дарёи Ёхсу дар километри 165+000 бунёд мегарданд.
Интизор меравад, ки хизматрасонии машваратӣ аввали моҳи январи соли 2024 оғоз шуда, 12 моҳ идома меёбад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






