Соли 2024 Тоҷикистон дар Раёсати коршиносони ИДМ дар бахши ҳифзи мероси моддӣ раисӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Раёсати коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ доир ба ҳифзи мероси моддиро ба уҳда дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Чанде қабл муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода дар ҷаласаи ҳафтуми «Шурои байналмилалӣ оид ба мероси фарҳангӣ», ки дар пойтахти Русия баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзуи «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи мероси моддию маънавии миллӣ» маъруза намуд.
Шералӣ Хоҷазода узви вобастаи Раёсати Шурои коршиносони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши ҳифзи мероси моддӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласаи ҳафтуми «Шурои байналмилалӣ оид ба мероси фарҳангӣ» коршиносони соҳавӣ аз Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Чин, Филиппин, Корея, Куба, Мексика, Алҷазоир, Италия, Туркия, Перу, инчунин намояндагии ЮНЕСКО ва ИКОМОС иштирок намуданд.
Дар ҳошияи ҷаласа аз ҷониби сарпарастони чорабинӣ «Симпозиуми II байналмилалии Комиссияи миллии ИКОМОС-Русия» бахшида ба ҷамъбасти «Соли мураббӣ ва шогирд», «Форуми IV байналмилалии ҷавонон» оид ба кашфи нобиғаҳои
ҷавон дар самти ҳифзи мероси миллӣ баргузор гардид. Бо назардошти иштироки фаъолона дар кори ҳамоишҳо намояндаи Тоҷикистон бо сипосномаи Комиссияи миллии ИКОМОС-Русия қадрдонӣ гардид.


Тақвияти муносибатҳои байналмилалӣ дар самти равобити фарҳангӣ ва илмӣ аз ҳадафҳои асосии ҷаласаи ҳафтуми «Шурои байналмилалӣ оид ба мероси фарҳангӣ» буд. Дар доираи ҷаласаи ҳафтуми «Шурои байналмилалӣ оид ба мероси фарҳангӣ» иштирокдорони он бо марказҳои навтаъсиси саноатӣ-фарҳангӣ шинос шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҳифзу тармим, муаррифии сазовори таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъалаи зарурати ҳифзи мероси миллӣ таъкид намуда, пешниҳод намуданд, ки бо назардошти ҳифзу муаррифӣ, рушди мероси моддӣ ва ғайримоддии миллати бостонии тоҷик, тармиму таҳким, инчунин рушди сайёҳӣ дар мамлакат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори махсус – Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






