Агентии хоҷагии ҷангал: «Соли 2023 аз тарафи корхонаи ниҳолпарварӣ беш аз 3 миллиону 15 ҳазор бех ниҳоли дарахту буттаҳо парвариш шуд»
ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 45 намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳо ба миқдори умумии зиёда аз 3 миллиону 15 ҳазор бех парвариш гардид, ки аз ин миқдор беш аз 1 миллиону 227 ҳазор бехи он барои шинонидан тайёр мебошанд. Дар ин хусус имрӯз директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар системаи Агентӣ дар самти амалӣ намудани корҳои ниҳолпарварӣ 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, 1 минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва зиёда аз 40 ниҳолхонаи хурди назди Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои тобеи Агентӣ ба миқдори умумии 11 ҳазору 502 килограмм тухмиҳои дарахту буттаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, тухмиҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз 228 кг, меваҳои тухмидор- 340 кг, меваҳои донакдор- 6609 кг, тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангалӣ ва сояафкан – 735 кг, чормағзиҳо — 2751 кг, саксаул- 200 киллограмм ва 639 кг дигар намуди тухмиҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ин заминаи минбаъда ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ниҳолпарварӣ мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






