Ҳайати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соҳиби 40 ҷоизаи ифтихории озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2023 дар озмун ва олимпиадаҳои сатҳҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 40 ҷоизаи ифтихорӣ гардид, ки дастоварди назаррас мебошад.
Тавре ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод, дар даври ниҳоии Озмуни байналмилалӣ оид ба андозбандии байналмилалии «ТаксИН», ки моҳи майи соли 2023 дар Тошканд баргузор гардид, байни 16 дастаи муассисаҳои олии касбии байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гардид.
Инчунин устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Озмуни умумирусиягии байналмилалӣ доир ба иқтисодиёт, Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба химия, Олимпиадаи байналмилалӣ доир ба бехатарии молиявӣ дар шакли онлайн, Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯ ва пешрафти илму техника, Озмуни ҷумҳуриявии «Илм –фурӯғи маърифат», Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






