Қарори дахлдори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ оид ба таъмини адолати судию иҷтимоӣ қабул гардидааст
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ иттилоъ дода, гуфт, ки соли 2023 аз ҷониби кормандони мақомоти судҳои иқтисодӣ вобаста ба моҳият, аҳамият ва ҷойгоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо аҳолӣ 187 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ҳамин мавзуъ 12 намоиши телевизионӣ ва барномаҳои радиоӣ таҳия ва паҳн шуда, 12 мақола дар воситаҳои чопии ахбори омма нашр шудааст. Ҳамчунин ҷиҳати шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо аҳолӣ 151 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуда, дар телевизион ва радио 25 намоишу барнома ва 5 мақола дар саҳифаҳои матбуот ба нашр расиданд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар нишасти матбуотӣ чунин изҳор наму: «Новобаста ба он, ки соли 2023 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардид, таҳлили фаъолият нишон медиҳад, ки то ҳол камбудиҳо ҷой доранд. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, озодиҳои инсон, қонуният ва адолати судию иҷтимоӣ қарори дахлдори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ қабул ва дар заминаи он Нақшаи корӣ барои шашмоҳаи якуми соли 2024 таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад».
Бобати фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон дар ташкилоту муассисаҳо ва мулоқот бо аҳолӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар маҷмуъ 362 маротиба вохӯрӣ доир гардида, дар воситаҳои ахбори омма 190 маротиба мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр расид.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






