Ба сарбозони фаъоли қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Суғд рутбаҳои нави ҳарбӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сарбозону афсаронро табрик намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонида, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ равон намуд.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматиро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар мамлакат саҳми воқеан таърихӣ гузошт. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизаткунанда табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мунтазам ҷиҳати дастгирии моддии қисмҳои ҳарбӣ кӯшиш намуда, дар остонаи иду ҷашнҳо ба қисмҳои ҳарбӣ кумак мерасонад.
Дар чорабинии тантанавӣ дар вазъи тантанавӣ ба сарбозони фаъол рутбаҳои нави ҳарбӣ дода шуда, ҳамчунин сабозон бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






