Беш аз 165 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд

Февраль 17, 2024 18:00

ДУШАНБЕ,17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 165 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд, ки 67,2 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус 15 феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки мақомоти андоз бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳа ва дар ин замина содда ва шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ ва ҷараёни андозсупорӣ аз имкониятҳои техникии дохилиидоравӣ бештар истифода намуда, барои давра ба давра васеъ намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, амалӣ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Гуфта шуд, ки соли гузашта ба раванди гузариш ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида шуда, шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 10 ҳазор зиёд гардид.

Инчунин дар ин давра мақомоти андоз шакли таҷдидшудаи барномаи компютерии Низоми муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозро ба истифода дод, ки аз 50 модулҳои алоҳидаи компютерӣ иборат буда, тавассути ин модулҳо дар айни замон барои андозсупорандагону шаҳрвандон 80 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардида истодааст.

Ташкили чунин хизматрасониҳо барои содаю қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии субъектҳои хоҷагидор ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд.Ҷиҳати рақамикунонии мақомот ва ташкили ҳамкорӣ дар сатҳи замонавӣ, солҳои охир байни Вазорати молия, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, «Амонатбонк», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентиҳои омор ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти дигари давлатӣ созишнома ба имзо расонида шуда, бо назардошти ташкили махзанҳои маълумот ва имкониятҳои техникии вазорату идораҳо мубодилаи маълумот дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд