Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ мулоқот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пешгирии амалу кирдори номатлуб дар байни наврасон бо намояндагони Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, дар мулоқот вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози назар гардид.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳамияти хосса пайдо менамояд. Давоми солҳои охир болоравии салоҳиятноки ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида ва огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегардад.
Гуфта шуд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои муҳим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва қабули қонунҳои босифат мусоид менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд






