Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
КӮЛОБ 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Заминаҳои меъёриву ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити Истиқлолияти давлатӣ» дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 ва эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯзҳо масъалаи бетаваҷҷуҳии насли наврасу ҷавон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба касбомӯзиву маърифатдӯстӣ, шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёриву ҳуқуқии мубориза бо экстремизм ва терроризм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ заминаи вусъат бахшидани шуурии ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва оммаи мардум мебошад.
Дар ҷамъомад аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар шароити нави рушди ҷомеа», «Заминаҳои меъёриву ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити истиқлолияти давлатӣ» ва «Хатари кибертерроризм ба идеологияи миллии наврасону ҷавонон» маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






