Дар Душанбе масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо USAID баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо Директори миссияи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иброз намуд, ки USAID таҷриба ва имконияти технологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро метавонад барои татбиқи ҳадафҳо ва афзалияти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор тавассути фаъолсозии ҳамкории мо дар соҳаи инноватсия ва технология ҷалб намояд.
Дар анҷоми мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ҷонибҳо омодагиашонро ҷиҳати рушд ва тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои зарурӣ иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






