Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ вобаста ба таҳияи матни комили «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷаласа баргузор гардид

Февраль 1, 2024 17:03

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории таҳияи матни комили «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт хабар медиҳад, дар ҷаласа  оид ба ҷараёни кори таҳриру тасҳеҳи матни «Шоҳнома» иттилоъ дода шуда, иброз гардид, ки ҳоло даҳ ҷилд аз таҳрир баромада, дар дасти мусаҳҳеҳон барои бозхонӣ ва таҳрири забонӣ қарор дорад.

Ба таҳрири матн матншиносон ва мутахассисони адабиёти классикӣ аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ,  донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 1, 2024 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид