Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо намояндагони якчанд ниҳоди хориҷӣ мулоқот доир шуд

Февраль 28, 2024 14:47

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ вохӯрии раиси Кумита Рустам Назарзода ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Ҳенрике Брехт, мутахассиси аршад оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҳайати Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои фаъолияти минбаъдаи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи муштарак бо ин кумита ва Агентии обуҳавошиносии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадафи аслии ин дидор баррасии иҷрои рисолати омодасозии марҳилаи дуюми Лоиҳаи таҷдиди хадамоти обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Илова бар ин, масъалаҳои ташкили тамринҳо, давраҳои омӯзишӣ ва машваратҳо барои кормандони Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ баррасӣ шуданд.

Ҳенрике Брехт иброз дошт, ки Кумита дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳои муассир анҷом додааст. Мавсуф оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон  изҳори боварӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории минбаъда табодули афкор ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо  Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин имкони оғози лоиҳаҳои муштарак, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисонро баррасӣ намуданд.

Инчунин  мулоқоти Рустам Назарзода  бо ҳайати намояндагони  ТОО «Еврокоптер Казахстан инжиниринг» – и Ҷумҳурии Қазоқистон бо сарварии директори тиҷоратии он Аскар Аринов  баргузор шуд.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Қазоқистон барои Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус дар рушди муваффақонаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода шарики боэътимод мебошад.

Аскар Аринов фаъолияти корхонаи ТОО «Еврокоптер Казахстан инжиниринг»-ро рӯнамоӣ намуд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ин корхона дар фурӯши чархболҳо, ҳамчунин омӯзиши кормандони техникӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ пешсаф аст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2024 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд