Дар Суғд корхонаҳои муштарак бо Узбекистон оид ба парвариш ва коркарди заъфарон таъсис меёбанд

Февраль 17, 2024 10:29

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд вохӯрии муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Қаҳрамон Юлдошев доир гардид, ки  зимни он ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди заъфаронро дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани корҳо оид ба бунёди «Боғи дӯстӣ», таъсиси Маркази хизматрасонии кишоварзӣ (AKIS) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, масъалаи шолипарварӣ дар Водии Заррин, ҳамкорӣ дар соҳаи навъсанҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди заъфарон дар вилояти Суғд ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, таҳияи Харитаи роҳ оид ба ҳамкории соҳаи кишоварзи барои солҳои 2024-2026-ро баррасӣ намуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд