Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо 18 донишгоҳу донишкада ва муассисаву ташкилоти байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 таъсиси кафедраҳои филология ва методикаи таълими он, забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, 7 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаи бакалавр ва ихтисоси «Молия ва қарз» дар зинаи магистратура аз тадбирҳои судманд ба ҳисоб меравад, — иброз намуд ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ.
Дар ин давра дар ихтисосҳои таърих ва ҳуқуқ, информатика, математикаи амалӣ, математика, таҳсилоти ибтидоӣ ва системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ ва дар ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ таъсис дода шуданд, ки аз дастовардҳои муҳим мебошад.
Дастоварди назарраси донишгоҳ дар самти илм дифои 38 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ маҳсуб мешавад.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2023 донишгоҳ бо 18 донишгоҳу донишкада ва муассисаву ташкилоти байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар маҷмуъ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо беш аз 110 донишгоҳу донишкада ва муассисаву ташкилоти байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт






