Эмомалӣ Раҳмон: «Раванди таъмини сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо беҳтарин шароиту имконият минбаъд низ идома меёбад»

Февраль 23, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо изҳори нигаронӣ аз ҳолати имрӯзаи ҷаҳони муосир  иброз намуданд, ки «вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат мегирад. Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад».

Дар чунин шароит ҳар шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор ҳастанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

То имрӯз барои пешбурди хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароиту имконияти беҳтарин муҳайё шудааст ва мо ин равандро пайгирона идома медиҳем, — таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Февраль 23, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад