Қисми даромади буҷети ноҳияи Сангвор дар ҳаҷми беш аз 18 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки ба 110 дарсади нақша баробар аст

Февраль 14, 2024 09:27

САНГВОР, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қисми даромади буҷети  ноҳияи Сангвор соли 2023 ба ҷойи 16 миллиону 700 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда дар ҳаҷми 18 миллиону 436 ҳазору 526 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 110 дарсади нақша баробар мебошад. Ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1 миллиону 736 ҳазору 568 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

Ба иттилои Раиси ноҳияи Сангвор, маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия соли 2023  ба 575,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 331,3 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 67,1 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 10,7 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 166,3  миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 80 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, як қисми он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ҳамчунин соли 2023 барои сохтмонҳои асосии ноҳия аз  буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ ҷудо  гардид.

Соли 2023 аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор  37 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин  ошкор шуда, ҷавобгарон ба маблағи умумии 19 ҳазору 448 сомонӣ ҷарима гардиданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд