Ғиёсиддин Шарифзода: «Ноил шудан ба ҳадафҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз Парлумон минбаъд низ кори касбӣ ва масъулиятнок тақозо менамояд»

Февраль 1, 2024 08:47

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳадафҳои воқеии иҷтимоӣ, вазифаҳои нави стратегӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, барои ноил шудан ва татбиқи онҳо аз Парлумон минбаъд низ кори касбӣ ва масъулиятнок тақозо менамояд. Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Айнӣ баён намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ.

Вакили Парлумон оид ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, баланд шудани мавқеи зан дар ҷомеа, дастгирии қишри ҷавонон, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи оромӣ ва осудагии мамлакат ва дигар нуктаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадаанд, сухан гуфт.

«Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вазифаҳое, ки имрӯз мақомоти қонунгузор ва иҷроия дар назди онҳо қарор доранд, хеле дақиқ муайян гардидаанд. Муҳим он аст, ки тамоми афзалият ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дуруст муайян  шуда, институтҳои иҷтимоӣ инкишоф меёбанд, уҳдадориҳо ва ҳадафҳои стратегии мамлакат иҷро гардида, устувории вазъияти иқтисодӣ дар роҳи рушд қарор дорад», – тазаккур дода шуд дар вохӯрӣ.

Иброз гардид, ки имрӯз ҷаҳон дар ростои шадидтарин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ қарор дорад. Дар чунин вазъият давлате метавонад аз ин буҳронҳо эмин бошад, ки фарзандони донишманд, фазои орому осуда, суботи сартосарӣ дошта бошад. Имрӯзҳо, ки оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои мамлакат танинандоз аст, бояд ҳар сокин ба қадри ин неъмат бирасад ва дар ҳифзу нигоҳдошти ин оромӣ ҳамеша талош намояд.

Ёдовар мешавем, ки ин суҳбатҳо дар доираи мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар ноҳияи Айнӣ баргузор мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Февраль 1, 2024 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид