Кумитаи ҳифзи муҳити зист: «Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ дар як қатор ҳавзаи дарёҳои Тоҷикистон муайян намуд, ки захираи барф 98%-и меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад»

Февраль 2, 2024 09:27

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаронидани мушоҳидаҳои аэровизуалӣ дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб, минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва ҳавзаи дарёи Зарафшон иттилоъ дод.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат гуфт, ки мушоҳидаҳои аэровизуалӣ тибқи чорабиниҳои «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» бо мақсади муайян намудани захираи барф дар ҳавзаҳои ин дарёҳо моҳҳои апрел, июн ва сентябри соли 2023 гузаронида шуданд.

Зимни мушоҳидаҳои аэровизуалӣ муайян шуд, ки сарҳади қабати барфпӯш 1800-2600 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дода, захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб, минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва ҳавзаи дарёи Зарафшон 98%-и меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад.

Инчунин моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2023 дар минтақаҳои Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Такоби ноҳияи Варзоб, дар ҳавзаи дарёи Саратоғи ноҳияи Айнӣ, ҳавзаи дарёи Камароби ноҳияи Рашт, ҳавзаи дарёи Ёхсуи ноҳияи Муъминобод, ҳавзаи дарёи Обихингоби ноҳияи Сангвор, ҳавзаи дарёҳои Ванҷоб ва Ғунди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои барфченкунӣ бо усули пиёда ба анҷом расонида шуданд.

Баҳодур Шерализода ҳамзамон иброз дошт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77 СММ бо пуштибонии 153 давлати аъзо қабул шуд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо замимаи ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо аз 31 августи соли 2023 тасдиқ гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад