Кумитаи забон ва истилоҳот китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст

Февраль 7, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро бо ҳудуди беш аз 60 ҳазор калима таҳия намудааст, ки онро ба наздикӣ нашр менамояд. Инчунин дар заминаи ин китоб барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» низ дар ҳудуди 2 миллион калима пешниҳод мегардад. Дар ин хусус раиси кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ менамоем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад»,-гуфт Раиси Кумита.

Ҳамзамон дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2023 дар Кумита 4 фарҳангномаи тахассусӣ (43960 истилоҳ), 1 фарҳанги истилоҳоти соҳавӣ, 4 дастури таълимӣ шомили 468 истилоҳ ва 8 китоби таълимӣ-омӯзишӣ ва дастурамалҳои машваратӣ бо фарогирии 560 истилоҳи соҳавӣ, ки дар умум 45111 вожаву истилоҳро дар бар мегиранд ва матни 12 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифт. Ин нишондиҳанда ҷиҳати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба соли гузашта 8515 истилоҳ ё 18,8% зиёдтар аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд