Масъалаи барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ дар масири Боку-Душанбе-Боку баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ дар масири Боку-Душанбе-Боку зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Азербайҷан Ҳава Йоллари» (AZAL) Самир Рзаев дар Боку баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо иқдоми минбаъдаро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мушаххас намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон








Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд






