Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади табодули таҷриба ба Ҷопон сафар намуданд

Февраль 5, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 05.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба Ҷопон сафар намуда,  бо фаъолияти  марказҳои илмию технологияҳои Ҷопон шинос мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Сафар ба раванди омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ   мусоидат менамояд.

Дар оғози сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон шинос шуд. Зимнан таъкид гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2 феврали соли 1992 барқарор гардида,  Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2002 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 28 ноябри соли 2007 ифтитоҳ ёфтааст.

Сипас вохӯрии ҳайати донишгоҳ дар дафтари марказии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) бо намояндагони Департаменти Осиёи Шарқӣ ва Марказии ин Агентӣ доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти густариш бахшидани ҳамкории илмию таълимӣ ва технологӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 5, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд