НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 8490 аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шудааст
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 14 ҳолати барангезандаи бемории сухтанӣ, 3 бемории сиёҳрон, 34 ҳорӣ*, 5 брадзоти* гӯсфандон, 2 ҳодисаи пастерелёзи чорвои калони шохдор ва 1 нуқтаи пастерелёзи чорвои хурди шохдор ба қайд гирифта шуда, нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 январи соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ аз ҳисоби мутахассисони корхонаҳои зертобеъ бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ зиёда аз 14 ҳазору 822 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои зоонозӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд. Инчунин маводҳои таблиғотӣ омода шуда, ҳамзамон якчанд барномаҳои телевизионӣ оид ба пешгирии бемории сӯхтанӣ ва таби хунин таҳия ва намоиш дода шуд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба иншооти нигоҳдорӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дўконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои забҳи чорво, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 8490 аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»
_____________
* Ҳорӣ — бемории сироятие мебошад, ки боиси иллати сахти системаи асабҳо, рагкашӣ, фалаҷ, инчунин ташаннуҷи мушакҳои гулӯ ва нафаскашӣ мегардад. Бо ин маризӣ одам ва ҳайвон гирифтор мешавад.
* Брадзот — як навъ касалии шадиди гузарандаи ҳайвонот аст, ки ба он асосан гӯсфандон (бештар гӯсфандони то 2-сола) гирифтор мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






