НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 3 озмоишгоҳи нави замонавӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод, ки давоми соли 2023 дар донишкада 3 озмоишгоҳи нави замонавӣ барои ихтисоси заргарӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки давоми соли 2023 15 озмоишгоҳи мавҷудаи донишкада бо таҷҳизоти наву муосир таъмин ва якчанд озмоишгоҳ ба таври комил навсозӣ гардид.
Ректори донишкада ҳамчунин аз ифтитоҳи филиали кафедраҳои донишкада дар назди корхонаҳои саноатӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки аксарияти дарсҳои амалии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ баргузор мегарданд. Ин раванд ба омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои соҳаи кӯҳкорӣ, металлургия, энергетика, иқтисодиёт ва сохтмон мутахассисони варзида омода менамояд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






