НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 111,5 фоизро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 451 миллиону 240 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 46 миллиону 524 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 111,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар ноҳия 3 883 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Соли 2023 50,4 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз нақша зиёд аст. Ҳамзамон соли 2023 дар майдони 9410 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки 106,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар 3561 гектар ғалладонагиҳо, дар 2744 гектар гандум, дар 407,7 гектар нахӯд ва лубиёгиҳо, дар 1022,2 гектар зироати техникӣ, дар 2857,2 гектар зироати хӯроки чорво, дар 718 гектар картошка ва дар 1017,3 гектар сабзавот кишт шуд. Нисбат ба соли 2022 кишти зироат 572 гектар, аз ҷумла 147,3 гектар ғаладонагиҳо, 74,6 гектар гандум, 135 гектар сабзавот, 50,8 гектар зироати хӯроки чорво зиёд гардида, картошка 81,47 гектар кам гардидааст.
Инчунин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшт ба 3351,2 тонна, шир ба 16206,1 тонна, тухм ба 75 миллиону 588 ҳазор дона, расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2022 374,7 тонна гӯшт, 473,8 тонна шир, 4 миллиону 762,5 ҳазор дона тухм зиёд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи идораи замин 930 парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замин ба сокинони ноҳия тайёр гардида, 728 нафар истифодабарандагони замин бо шаҳодатномаи бақайдгирии замин таъмин шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






