НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Муъминобод ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 35 миллион сомонӣ расонида шуд

Февраль 15, 2024 16:44

КӮЛОБ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ноҳияи Муъминобод корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 35 миллиону 2500 сомонӣ расониданд, ки ба 101,3 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки соли 2023 дар ноҳияи Муъминобод ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 120 миллиону 762 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 29 миллиону 939 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки соли 2023 кишоварзони ноҳияи Муъминобод дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15 ҳазору 262 гектар зироати кишоварзӣ кишт намуданд. Аз ҷумла дар 11 ҳазору 209 гектар ғалладонагӣ, дар 917 гектар зироати техникӣ, дар 653,9 гектар картошка, дар 627 гектар сабзавот, дар 193 гектар полезӣ ва дар майдони 1 ҳазору 662 гектар зироати хӯроки чорво кишт шуд.

Иброз гардид, ки чорводорони ноҳияи Муъминобод аз ҳамаи имконият самаранок истифода намуда, соли 2023 саршумори чорвои калони шохдорро ба 42 ҳазору 315 сар, чорвои майдаро ба 143 ҳазору 332 сар, аспро ба 3 ҳазору 397 сар, парандаро ба 176 ҳазору 580 сар ва занбӯри асалро ба ба 7 ҳазору 627 оила расониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд