НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ширкату корхонаҳои Тоҷикистон дар 28 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 14 давлати дунё иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд ба ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 28 намоишгоҳи байналмилалии дар 14 давлати дунё баргузор гардида, 6 намоишгоҳи дар дохили ҷумҳурӣ доиршуда мусоидат намуда, иштироки аъзо ва соҳибкорони ватаниро дар кори онҳо таъмин намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки моҳҳои март-апрели соли 2024 Намоишгоҳи байналмилалии тахассусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон доири гардида, ҳамзамон баргузории намоишгоҳи тахассусии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон дар назар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо бо мусоидати Палата зиёда аз 2100 соҳибкор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва бизнес-форумҳо фаъолона иштирок намуданд.
Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ фаъолият менамояд, ки мақсад аз ташкили он ба соҳибкорон фаҳмонидани асосҳои ҳуқуқии фаъолият, баланд бардоштани иқтидори Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқии босифат мебошад.
Тавре Ҷамшед Ҷумъахонзода изҳор намуд, соли 2023 аз ҷониби ширкату корхонаҳои ватанӣ ба арбитражи байналмилалӣ 2 ариза оид ба поймол шудани манфиатҳои соҳбикорони мо аз ҷониби шарикон ворид гардид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






