НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба 46,8 миллиард сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба 46,8 миллиард сомонӣ расид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2022 12 фоиз ё 4,6 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Вазири саноат ва технологиҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир имрӯз дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иброз намуд, ки вазорат фаъолияташро соли гузашта дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат амалӣ намуд.
Вазир афзуд, ки ҳиссаи соҳаҳо дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ соли 2023 беш аз 28 фоиз ба саноати маъдан, 24 фоиз ба саноати хӯрокворӣ, зиёда аз 17 фоиз ба электроэнергетика, 8,6 фоиз ба саноати сохтмон, 7,9 фоиз ба саноати мошинсозӣ, 5,5 фоиз ба саноати сабук, қариб 5 фоиз ба саноати пахтатозакунӣ, 1,1 фоиз ба саноати ангишт, 0,7 фоиз ба саноати табъу нашр, 0,4 фоиз ба таъминоти об ва 0,3 фоиз ба саноати нафту газ рост меояд.
Гуфта шуд, ки таносуби минтақаҳо дар таркиби маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ соли гузашта беш аз 55 фоиз ба вилояти Суғд, қариб 25 фоиз ба вилояти Хатлон, 9,1 фоиз ба навоҳии тобеи марказ, 9 фоиз ба шаҳри Душанбе ва 0,4 фоиз ба Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон марбут аст.
Шералӣ Кабир ҳамчунин гуфт, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ беш аз 60 фоиз ба саноати коркард, зиёда аз 20 фоиз ба саноати истихроҷ, 18,8 фоиз ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво рост меояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






