НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба Тоҷикистон 2,7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид

Февраль 13, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ба Тоҷикистон 2,7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2022 113,6 миллион доллар ё 4,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2023 бо мақсади муаррифии имконияти сармоягузории мамлакат, ҷалби сармояи мустақим ва диверсификатсияи он мулоқоти маҷозии соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони Швейтсария ва Испания баргузор гардид.

Инчунин ҷаласаи аввали Гурӯҳи корӣ оид ба ҷалби сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Беларус, Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон, форуму ҳамоишҳои сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Корея, Чехия, Олмон, мулоқоти дуҷониба байни сохторҳои давлатию хусусии Тоҷикистон ва Русия, форумҳои байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2023» ва «Душанбеинвест-2023» ва Форуми сармоягузории «Тоҷикистон ва Эрон» доир гардиданд.

Дар доираи форумҳои сармоягузорӣ якчанд санади тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, ҷиҳати оғози татбиқи онҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатию бахши хусусӣ кор бурда мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд