НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар ноҳияи Мастчоҳ хаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 480 млн 655 ҳазору 700 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2022 306 млн 729 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, корхонаҳои саноатии ноҳия дар ин давра дар шакли асл 432 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 464 тонна маҳсулоти ширӣ, 8 тонна халтаҳои полиэтанӣ, 70760 тонна семент, 3077 тонна калобаи ришта, 3670 ҳазор дона маҳсулоти пластикӣ, 901,6 метри мураббаъ маҳсулоти пластикаи филизӣ истеҳсол намудаанд.
Оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат гуфта шуд, ки соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 21322,5 тонна пахта, 16507,5 тонна ғалладона, 26726,6 тонна сабзавот, 4649,5 тонна картошка, 136224,4 тонна полезӣ, 1432,3 тонна меваҷот, 701,5 тонна ангур, 115128 тонна воҳиди хӯроки чорво истеҳсол шуда, вусъати афзоиш аз 101 то 213 фоизи соли 2022-ро ташкил дод. Маҳсулоти бахши растанипарварӣ ба 1 миллиарду 38 млн 811 ҳазор сомонӣ ё 137,4 фоизи соли 2022 баробар гардид.
Дар нишаст гуфта шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2024 дар ноҳия бунёди 4 корхонаи хурди истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта мешаванд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






