НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар шаҳри Турсунзода 115 синфхонаи иловагӣ бо 2720 ҷойи нишаст бунёд гардид
ТУРСУНЗОДА, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар назди 17 муассисаи таълимии шаҳри Турсунзода 115 синфхонаи иловагӣ барои 2720 хонанда дар як вақт сохта, ба истифода шуд. Ҳамчунин дар доираи тадбирҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 8 муассисаи томактабӣ барои 994 кӯдак ва сохтмони 222 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 20 муассисаи таълимӣ, ки дорои 5394 ҷойи нишаст мебошад, идома дорад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.
Раиси шаҳри Турсунзода иброз намуд, ки «дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 435 иншооти мухталиф бунёду барқарор мешавад. То имрӯз 187 иншоот ба маблағи 73,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла 28 иншоот дар соҳаи маориф, 16 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 11 иншоот дар соҳаи варзиш, 2 иншооти хизматрасонии маишӣ, 10 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 34 маркази хизматрасонию савдо ва 37 иншооти дигар ба истифода дода шуда, дар 33 мавзеъ бо масоҳати 68,2 км роҳҳо мумфаршу бетонпӯш шуданд, 5 пул, 6 сардхона, 2 гармхона сохта шуда, дар 3 мавзеъ хати оби нӯшокӣ кашида шудааст. Ҳоло дар 126 иншооти ҷашнӣ корҳо оғоз гардида, бо маром идома доранд».
Гуфта шуд, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ, ки саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 123 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаҳр ба ҳолати 1 январи соли 2024 94 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба 1 январи соли 2023 29 корхона зиёд мебошад. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳр 96 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022 10 намуд зиёд мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд






