НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон соли 2023 маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла меваи хушк, намак, консерваи меваю сабзавот содирот намудааст

Февраль 9, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2023 ба хориҷи мамлакат ба маблағи 50,1 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2022 17,6 фоиз ё 7,5 миллион доллар зиёд мебошад Ин омор соли 2022 42,6 миллион долларро ташкил дода буд. Дар ин хусус Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Аз ҷумла, соли гузашта аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо 81,8 ҳазор тонна меваи хушк, 27,4 ҳазор тонна нӯшокиҳои ташнагишикан, 577 тонна намак, 1,9 ҳазор тонна консерваи меваю сабзавот, 7,1 ҳазор тонна орд, 445,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 664 тонна желатин ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.

Шералӣ Кабир афзуд, ки афзоиши ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби меваи хушк 1,6 баробар ва нӯшокиҳои ташнагишикан 1,7 баробар, хӯроки омехтаи чорво ва боқимондаи саноати хӯрокворӣ 2 баробар ва орд 113,4% амалӣ шудааст. Дар таркиби маҳсулоти содиротшуда 58,3 фоиз ё 29,2 миллион доллар ба меваи хушк, 18,6 фоиз ё 9,3 миллион доллар ба нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1,6 фоиз ё 0,8 миллион доллар ба консерваи меваю сабзавот, 1,4 фоиз ба маблағи 0,7 миллион доллар ба желатин ва 1 фоиз ё 0,5 миллион доллар ба маҳсулоти қаннодӣ рост меояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд