Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад

Февраль 27, 2024 16:34

ДУШАНБЕ, 27.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар робита ба ин нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова хабар дод.

Қарор бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон ва дастгириву қадрдонии занону духтарон ба тасвиб расидааст.

Дар асоси ин қарор дар шаҳри Душанбе якчанд ҳамоишу конфронс, мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, ҳамзамон барои занону духтарон маҳфилҳои идона ташкил мешаванд. Инчунин бо занон- собиқадорони меҳнат, занони яккаву танҳо суҳбату вохӯриҳо доир гардида, ба онҳо кумакҳои иҷтимоӣ расонида мешаванд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода,  ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои занон-модарон, муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва  баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд», — гуфт сардори раёсати занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Пешвои миллат ҳамеша изҳор медоранд, ки ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоянд. Занону модарон дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслӣ- устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо заҳмату талошҳои пайгиронаашон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки занон — модарон нисбат ба тарбияи насли наврас бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, чунки онҳо насли ояндасози Тоҷикистонро ба камол мерасонанд.

«Нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир мебошад», — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 27, 2024 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид