Соли 2023 дар Тоҷикистон дар майдони 895 гектар боғ ва дар 117 гектар токзор бунёд гардид

Февраль 11, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 895 гектар боғ ва 117 гектар токзор бунёд намудаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар майдони 1300 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор гардид, ки 996 гектарро боғ ва 304 гектарро токзор ташкил медиҳад.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмарка-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз амалӣ шуда, ба харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод шуданд.

Таъкид гардид, ки барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳолфурӯшӣ ниҳолҳои гуногунро ба хоҷагиҳо бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон барои мавсими соли 2023-2024 аз ҷониби корхонаи «Тоҷикниҳолпарвар» 1 млн 353 ҳазору 917 бех ниҳол барои фурӯш омода шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд