Соли 2023 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» ба 784,8 миллион сомонӣ баробар гардид

Февраль 10, 2024 16:42

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон  «Саноатсодиротбонк» бо мақсади дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо ва хизматрасонии бонкӣ соли 2023 корҳои муайянро амалӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин бонк иттилоъ доданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои бонк ба 784,8 млн сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 34,5 фоиз ва ё ба маблағи 201,3 млн сомонӣ афзудааст. Сармояи бонк ба 570,3 млн сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 12,5 фоиз ва ё ба маблағи 63,2 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

«Саноатсодиротбонк» соли 2023 ба маблағи 36,7 млн сомонӣ фоидаи соф ба даст овард, ки ин натиҷа нисбат ба соли 2022  3,2 фоиз зиёд мебошад. Бонк дар ин давра дар маҷмуъ 15,8 млн сомонӣ маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолият ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2024 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид