Соли 2024 дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти марбутаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи содирот баргузор мегардад

Февраль 9, 2024 17:34

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти марбутаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи содирот баргузор мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

«Ҳоло ташаббуси пешниҳодгардида дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тасмим гирифта шудааст, ки  соли 2024 дар шаҳри Душанбе ин ҳамоиш дар сатҳи баланд баргузор шавад. Ҳадафи он муаррифӣ ва пешбурди содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, дарёфти бозор ва харидорони боэътимод, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои содироткунандагон ва ташкили марказҳои логистикӣ мебошад», — афзуд Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Дар нишаст гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ 8 328,9 млн долларро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 1019,4 млн доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 14 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли қаблӣ мебошад.

Ҳамчунин соли 2023 ба маблағи 2 448,8 млн доллар маҳсулоти ватанӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 14,3 фоиз зиёд аст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид