СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ барои кӯдакони болаёқат ҳафтаи фанни таърих ва ҳуқуқ ташкил шуд

Февраль 5, 2024 17:00

 ХОРУҒ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ барои кӯдакони болаёқат бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳафтаи фанни таърих ва ҳуқуқ бо баргузор намудани маҳфилҳои гуногун ташкил гардид. Мақсади асосии доир намудани маҳфилҳои таърихию ҳуқуқӣ риоя намудани қонун,  эҳтиром гузоштан ба он ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти иҷтимоӣ мебошад.

Директори Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ  барои кӯдакони болаёқат Мавлуда Бойназарзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан изҳор намуд, ки «дар ин ҳафта бо ибтикори Иттиҳодияи методии фанни таърих ва ҳуқуқ чорабиниҳои гуногун, аз қабили иншои беҳтарин, машварату конфренсия ва мулоқоту суҳбатҳо бо иштироки устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ баргузор гардиданд. Аксари хонандагони муассисаи таълимӣ сарфи назар аз равияашон дар чорабиниҳои ҳафтаи фанни таърих ва ҳуқуқ иштироки фаъол доштанд. Ҳамчунин ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ дар долони муассисаи таълимӣ гӯшаи махсус ташкил шуд, то хонандагон ба воситаи он бо таърихи давлатдории навини тоҷикон, қабули Конститутсияи Тоҷикистон, шахсиятҳои  мондагори миллат, ки дар таърихшиносию таърихсозии халқи тоҷик нақши хос гузоштаанд, шинос гарданд».

Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ Айниддин Сомиддинзода изҳор намуд, ки «28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва ҳукумати мамлакат таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад.

Бояд гуфт, ки эълони соли маърифати ҳуқуқӣ давоми мантиқии сиёсати давлату ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ, пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ ва таҳкими пояҳои устувори ҷомеа ва давлат ба шумор меравад. Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ мо бояд дар дарсҳо ва суҳбату мулоқот маърифати ҳуқуқии шогирдонро ҳаматарафа баланд бардорем. Танҳо дониши хуб ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад пеши роҳи паҳншавии ҳар гуна хурофоту таассуби динӣ ва амалҳои зишту нописандро гирад».

Директори Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ барои кӯдакони болаёқат бо изҳори сипос аз Иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ гуфт, ки «ҳадафи аслии мо бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар аст. Бунёди чунин ҷомеа танҳо бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон имконпазир мебошад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд