«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Тоҷикистон ташаббуси муаррифии либоси миллӣ оғоз мегардад

Февраль 29, 2024 15:08

 ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 март то 31 май дар саросари ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ  мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.

Либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат ва пос доштану эҳтиром намудани рукну рамзҳои миллӣ муҳим ва масъулиятнок маҳсуб мешавад.

Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба ин масъала вобаста мебошанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 29, 2024 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд