11-март Рӯзи матботи тоҷик. Дар Душанбе Рӯзи матбуот таҷлил карда шуд

Март 11, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр мебошад. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши идона таъкид гардид, ки ин сана дар Тоҷикистон аз соли 1994 таҷлил карда мешавад.

Тавре гуфта шуд, фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огоҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии давлатҳо мегардад.

Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, сомонаҳои иттилоотӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таблиғотӣ дар муаррифии давлат ва милати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузоранд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талошамонро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди давлати соҳибихтиёрамон равона созем».

Дар чорабинии Рӯзи матбуот ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим гардид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд