26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд

Март 21, 2024 15:02

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 март, соати 10:00 дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ гузаронида мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар доираи ташкили чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани бозии миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун ойини деринаи наврӯзӣ ба густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосса ҷавонон мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Март 21, 2024 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд