АНҶУМАНИ ХИРАД ВА РАҲНАМОӢ. Андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин

Март 31, 2024 09:42

ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад. Маҳз ҳамин омилҳо сабаб шуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста оид ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назарашонро баён медоранд. Бесабаб нест, ки давоми 33 соли соҳибистиқлоӣ Сарвари давлат бо аҳли зиё даҳҳо маротиба мулоқоти ошкоро намуда, дастовард ва мушкиливу муаммоҳои соҳаро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Чунин вохӯрӣ 9 марти соли 2024 дар «Кохи Ваҳдат» бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа доир гардид, ки тамоми паҳлуҳои муҳимро дар  бар гирифт. Чунин ибрози андеша намуд ба АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, номзади илми таърих Мирзоқосим Каримзода.

— Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар яке аз вохӯриҳо бо зиёиёни мамлакат баён дошта буданд, ки фарҳанги мо оинае аст, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос намудааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд. Зеро фарҳанг ва забон дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳуввияти ҳар миллат мебошад. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаҳои бунёдӣ асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Аз ин хотир, имрӯз низ ҳар зиёӣ ба мисли аҷдоди тамаддунсози хеш бояд талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад.

Ин арзиш махсусан дар шароите, ки мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст, қимати бештарро соҳиб аст. Дар чунин вазъи ҳассос ва пешгӯинашаванда қувваҳои зиёди иртиҷоӣ бо истифода аз арзишҳои динӣ ва эҳсоси мардум неруҳои солимро ба сӯи ифротгароиву терроризм моил мекунанд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳоло ҳудуди 12 ҳазор сомонаҳои экстремистиву террористӣ дар миқёси олам фаъолият дошта, ҳар панҷумин нафари истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаҳо майл ба чунин қувваҳо дорад.

Мулоқоти озоду шаффофи Роҳбари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат нишонаи он мебошад, ки Пешвои адабпарвари мо на танҳо ба дини мубини ислом арҷ мегузоранд, балки омӯзиши онро маҳаки асосии пешравии ҷомеа, худшиносӣ ва инсонгароӣ меҳисобанд. Сарвари давлат бо овардани оятҳо аз китоби муқаддаси дини Ислом «Қуръон» таъкид доштанд, ки ислом дини тарбия, покизагӣ, тинҷию оромӣ, дини инсонпарварӣ, дини иззату эҳтиром байни одамон дар рӯи Замин ва арзишҳои миллӣ мебошад. Ва ҳар он касе, ки ин китобро бо дарку фаҳмиши дуруст қабул менамояд, ҳаргиз дар ҷомеа зиёдравӣ намекунад, зеро дар дини мубини ислом инсон ва қадри он дар мақоми олӣ қарор дорад.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа ақидаву равияҳои мухталифи ғайриқонунӣ роҳ ёфта, бахше аз ҷавононро зери таъсир гирифтанд. Онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ин неруи созандаро ба манфиати худашон истифода бурда, ҷавонони ноогоҳро ба корҳои номатлуб ва носолим даъват намоянд. Бадбахтӣ дар он аст, ки дини мубини Исломро бар манфиати гурӯҳиву шахсӣ истифода мебаранд. Ба гумони ғолиб, ин тоифа на танҳо аз арзишҳои дини мубини ислом бехабар ҳастанд, балки душмани ашаддии ин дин низ ҳастанд. Яъне аз номи ислом бар зидди ислом кор мебаранд.

Дар ҳошияи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон андешаи дигар низ ба хотир меояд, ки чаро мақоми муллову мутаассибон мисли солҳои навадуми қарни гузашта боло меравад ва мардум дидаву дониста ба ҳарфу ҳиҷои онҳо бовар, аз рӯи фатвои онҳо амал менамоянд. Маҳз ҳамин тангназариҳою содагиҳои дар шахси «муллотарошон» дидани роҳи ҳалли масъала ҷомеаро ба таассубу хурофотпарастӣ мебарад.

Сарвари давлат бо мисолҳои возеҳ аз ҳаводиси солҳои навадум, ки ба сари миллати мо бадбахтии зиёд оварда, беш аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, як миллион нафар гурезаи иҷборӣ шуданд, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монда, миллионҳо нафар одамон азизони худро аз даст доданд ва ба мамлакат миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодӣ расид, ёдовар шуданд. Ишораи Роҳбари давлат дар мавриди фаъолияти 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмии ба шарофати соҳибистиқлолӣ арзи ҳастӣ кардану ба қадри чунин таваҷҷуҳ нарасидани иддае аз худхоҳон хеле бамаврид аст. Воқеан дар кадом давру замон аз Тоҷикистон ҳудуди 650 ҳазор нафар ба тавофи Каъба рафтаанд, ҳазорҳо нафар ходимони дин-дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд? Пас чаро мо ин ҳама дастгириҳоро сарфи назар менамоем. Бадбахтӣ дар он аст, ки дидаву дониста дар маҳаллаҳо вазифаи имомиро бар дӯши нафароне мемонем, ки садоқат ба Ватан, садоқат ба миллат ва ниҳоят садоқат ба дину имон надоранд.

Акнун худ қазоват кунед, ки ин нафарон дар намозҳо, дар ҷашну маъракаҳои мардум аз боби чӣ ҳарф мезаданд- албатта аз оини инсонгароӣ, парҳез аз кори бад, хайру дастгирӣ, аммо дар хилват барои қонеъ намудани нафси худ кӯшиш ба харҷ медоданд. То ҷое итттилоъ доштем, ҳар яке моҳе то ҳазор доллар дастмузд аз хоҷагони хориҷии худ мегирифтаанд. Аҷибаш он, ки чунин нафарон садри тӯю маъракаҳо ва ҷамъомадҳои суннатии мардум буда, ба ҷуз аз тиловати оятҳо ҳамчунин сармояи дигар низ доранд. Масалан миёни мардум ақидае роиҷ аст, ки кӯдак бемор шуд, ҳатман барои баровардани тарс дари муллоро мекӯбанд, то онҳо бо даму нафасашон беморро шифо бахшанд. Аммо андеша намекунем, ки шифоёбии кӯдакон ба дамандозии муллоҳо рабт надорад. Зиёд воқеаҳое ҳастанд, ки ба чунин доммулотарошон бовар карда, оризаи беморӣ зиёд мешавад ва замоне беморро ба шифохона мебарем, ки аллакай дер шудааст. Маҳбубияти домуллоҳо ба ҳадде боло расидааст, ки волидайн аз илми муосир дида, илми диниро боло гузошта истодаанд, ки ин хатои таърих аст.

Тавре дар суханронӣ иброз гардид: «Дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар мамлакат 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор шудааст. Танҳо соли 2023  300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯйии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Махсус таъкид менамоям, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад».

Дар ҳақиқат он касоне, ки аз чунин домуллотарошони кӯча таълим мегиранд, на меҳр ба волидон доранду на меҳр ба Ватан. Чунин наврасон дурнамои зиндагиашонро танҳо дар омӯзиш дар муассисаҳои динии Шарқи наздик мебинанд. Зеро онҳоро чунин тарбия медиҳанд, ки онҷо ҳам дониш меандӯзанду ҳам маблағ кор мекунанд. Мо ҳама фарҷоми хатмкардагони чунин мактабҳои ба номи исломиро дидем. Аксари волидоне, ки фарзандонро ба чунин роҳ бурдаанд, имрӯз ангушти ҳайрат мегазанд. Чунки бисёриҳо ҷони ҷавони худро дар кишварҳои Шарқи наздик аз даст доданд ё бе ному нишон шуданд. Акнун чунин ҷавонони ифротиро ба як паллаи тарозу монему ба паллаи дигари он беш аз 45 ҳазор ҷавонони муваффақеро, ки тавассути квотаҳо ва озмунҳо имрӯз дар бонуфузтарин муассисаҳои олии хориҷи мамлакат таҳсил доранд. Пас кадомин роҳ дуруст аст? Роҳи дуруст ҳамоне аст, ки бо истифода аз шароити мавҷуда ҳар лаҳзаи умро ғанимат шуморему аз қафои таҳсили илми дунявӣ шавем, забон омӯзем, таҳқиқоти илмӣ бубарем ва бар нафъи миллат чизеро кашф намоем.

Тавре Сарвари давлат борҳо таъкид медоранд, «агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи мамлакат осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд».

Ё ҷои дигар Қаҳрамони халқи Тоҷикистон, оне, ки новобаста аз ҷабри таърих, фишору тазйиқ аз миллати хеш дифоъ намуд- Садриддин Айнӣ таъкид медоранд: «Агар мо шараф хоҳем, агар номус хоҳем, агар мо иззату обрӯ хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, бо иборати кӯтоҳ–агар мо ҳаёт хоҳем, бояд, ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем». Яъне, ки илм андӯхтан, ҳунар омӯхтан василаи асосии хизмат ба диёр, ба Ватан аст. Мо бояд дастҷамъона бар зидди ин қувваҳо мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо беҳуда умри худро қурбони дасисаҳо намоянд. Онҳоро тавре тарбия намоем, ки Ватанро чун модари худ эҳтиром намоянд ва ҳар пора санги онро чун дурру гавҳар донанд. Ба ҷавонон бояд фаҳмонд, ки матлаби ҷудо будани дин аз давлат, танҳо як чиз аст: дин ба корҳои сиёсии давлат мудохила накунад.

Имрӯз мо бояд ба таври дастҷамъӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти классикии мо ва суннатҳои рӯзгори мо давоми садсолаҳо ба ислом банду пайванди мустаҳкаме дорад.

Ҳоло Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи Сарвари давлат доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ мешаванд. Сокинони мамлакат ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба натиҷаҳои назаррас мушарраф мегарданд.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «тамоми мардуми мамлакат, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».

Пас, моро мебояд, ки аҳл бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем ва барои пешрафти он содиқона заҳмат кашем.

АКС аз бойгонӣ

Март 31, 2024 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври вилоятии озмун баргузор шуд
«ДӮСТИ ПАЙВАНДИ ҶОНРО ГУМ МАКУН». Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Тоҷикистон тавассути «Қатораи ҷавонӣ» аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд
Ба иштирокчии ҷанг ва собиқадори меҳнати 104-сола Зайнулло Алиев кумакпулии яквақта расонида шуд
Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад